Тоҷикӣ
Surah Al-Mu'minoon ( The Believers ) - Aya count 118
قَدْ أَفْلَحَ الْمُؤْمِنُونَ
( 1 ) Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон:
الَّذِينَ هُمْ فِي صَلَاتِهِمْ خَاشِعُونَ
( 2 ) онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд
وَالَّذِينَ هُمْ عَنِ اللَّغْوِ مُعْرِضُونَ
( 3 ) ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд
وَالَّذِينَ هُمْ لِلزَّكَاةِ فَاعِلُونَ
( 4 ) ва онон, ки закотро медиҳанд
وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ
( 5 ) ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд
إِلَّا عَلَىٰ أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ
( 6 ) ғайри ҳамсарон ё канизони худ, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд
فَمَنِ ابْتَغَىٰ وَرَاءَ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْعَادُونَ
( 7 ) ва касоне, ки ғайр аз ин ду биҷӯянд, аз ҳадди худ таҷовуз кардаанд.
وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ
( 8 ) ва онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худро риоя ме- кунанд
وَالَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَوَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ
( 9 ) ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд,
أُولَٰئِكَ هُمُ الْوَارِثُونَ
( 10 ) инҳо меросбарон ҳастанд,
الَّذِينَ يَرِثُونَ الْفِرْدَوْسَ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
( 11 ) ки фирдавсро, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд, ба мерос мебаранд.
وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن سُلَالَةٍ مِّن طِينٍ
( 12 ) Албатта Мо инсонро аз гили холис офаридем,
ثُمَّ جَعَلْنَاهُ نُطْفَةً فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ
( 13 ) сипае ӯро нутфае дар ҷойгоҳе устувор қарор до- дем,
ثُمَّ خَلَقْنَا النُّطْفَةَ عَلَقَةً فَخَلَقْنَا الْعَلَقَةَ مُضْغَةً فَخَلَقْنَا الْمُضْغَةَ عِظَامًا فَكَسَوْنَا الْعِظَامَ لَحْمًا ثُمَّ أَنشَأْنَاهُ خَلْقًا آخَرَ ۚ فَتَبَارَكَ اللَّهُ أَحْسَنُ الْخَالِقِينَ
( 14 ) он гоҳ аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро бо гӯшт пӯшонидем; бори дигар ӯро офаринише дигар додем. Сазовори таъ- зим аст Худованд, он беҳтарини офаринандагон!
ثُمَّ إِنَّكُم بَعْدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ
( 15 ) Ва баъд аз ин ҳамаи шумо хоҳед мурд.
ثُمَّ إِنَّكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ تُبْعَثُونَ
( 16 ) Боз дар рӯзи қиёмат зинда мегардед.
وَلَقَدْ خَلَقْنَا فَوْقَكُمْ سَبْعَ طَرَائِقَ وَمَا كُنَّا عَنِ الْخَلْقِ غَافِلِينَ
( 17 ) Ва бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки аз ин офариниш ғофил набудаем.
وَأَنزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً بِقَدَرٍ فَأَسْكَنَّاهُ فِي الْأَرْضِ ۖ وَإِنَّا عَلَىٰ ذَهَابٍ بِهِ لَقَادِرُونَ
( 18 ) Ва аз осмон ба миқдори эҳтиёҷ об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карда- наш тавоно ҳастем.
فَأَنشَأْنَا لَكُم بِهِ جَنَّاتٍ مِّن نَّخِيلٍ وَأَعْنَابٍ لَّكُمْ فِيهَا فَوَاكِهُ كَثِيرَةٌ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ
( 19 ) Бо он об бароятон бӯстонҳое аз хурмову ангур пайдо кардем. Шуморо дар он борҳо меваҳои бисё- рест, ки аз онҳо мехӯред.
وَشَجَرَةً تَخْرُجُ مِن طُورِ سَيْنَاءَ تَنبُتُ بِالدُّهْنِ وَصِبْغٍ لِّلْآكِلِينَ
( 20 ) Ва дарахтест, ки дар Тӯри Сино мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯри- шест.
وَإِنَّ لَكُمْ فِي الْأَنْعَامِ لَعِبْرَةً ۖ نُّسْقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهَا وَلَكُمْ فِيهَا مَنَافِعُ كَثِيرَةٌ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ
( 21 ) Шуморо дар чорпоён ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо мепушонем ва аз онҳо фоида- ҳои бисёр мебаред ва аз онҳо мехӯред.
وَعَلَيْهَا وَعَلَى الْفُلْكِ تُحْمَلُونَ
( 22 ) Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِ فَقَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ أَفَلَا تَتَّقُونَ
( 23 ) Қасам, ки Нӯҳро бар қавмаш фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед. Шуморо Худованде ғайри Ӯ нест. Оё наметарсед?»
فَقَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِن قَوْمِهِ مَا هَٰذَا إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ يُرِيدُ أَن يَتَفَضَّلَ عَلَيْكُمْ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَأَنزَلَ مَلَائِكَةً مَّا سَمِعْنَا بِهَٰذَا فِي آبَائِنَا الْأَوَّلِينَ
( 24 ) Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад аз шумо болотар шавад. Агар Худо мехост, фарпштаго- неро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизе дар рӯзго- ри ниёгонамон нашунидаем.
إِنْ هُوَ إِلَّا رَجُلٌ بِهِ جِنَّةٌ فَتَرَبَّصُوا بِهِ حَتَّىٰ حِينٍ
( 25 ) Ӯ марди девонае беш нест. Якчанд муддат бар ӯ сабр кунед». (то маргаш фаро расад).
قَالَ رَبِّ انصُرْنِي بِمَا كَذَّبُونِ
( 26 ) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғ мебароранд, ёриам кун».
فَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِ أَنِ اصْنَعِ الْفُلْكَ بِأَعْيُنِنَا وَوَحْيِنَا فَإِذَا جَاءَ أَمْرُنَا وَفَارَ التَّنُّورُ ۙ فَاسْلُكْ فِيهَا مِن كُلٍّ زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيْهِ الْقَوْلُ مِنْهُمْ ۖ وَلَا تُخَاطِبْنِي فِي الَّذِينَ ظَلَمُوا ۖ إِنَّهُم مُّغْرَقُونَ
( 27 ) Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро дар ҳузури Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо дарра- сид ва об аз танӯр берун зад, аз ҳар ҷинсе дуто ва низ касони худро ба он бибар. Ғайри он кас, ки пеш аз ин дар бораи ӯ сухан рафтааст. Ва дар бораи си- тамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқ- шудагонанд.
فَإِذَا اسْتَوَيْتَ أَنتَ وَمَن مَّعَكَ عَلَى الْفُلْكِ فَقُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي نَجَّانَا مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
( 28 ) Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед, би- гӯ: «Шукр Худойро, ки моро аз мардуми золим наҷот бахшид».
وَقُل رَّبِّ أَنزِلْنِي مُنزَلًا مُّبَارَكًا وَأَنتَ خَيْرُ الْمُنزِلِينَ
( 29 ) Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки ту беҳтарини фароран- дагонӣ».
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ وَإِن كُنَّا لَمُبْتَلِينَ
( 30 ) Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва мо танҳо озмояндагоне будем.
ثُمَّ أَنشَأْنَا مِن بَعْدِهِمْ قَرْنًا آخَرِينَ
( 31 ) Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.
فَأَرْسَلْنَا فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْهُمْ أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ أَفَلَا تَتَّقُونَ
( 32 ) Ва аз худашон ба миёнашон паёмбаре фиристо- дем, ки Худои якторо бипарастед, шуморо худое ҷуз Ӯ нест. Оё наметарсед?
وَقَالَ الْمَلَأُ مِن قَوْمِهِ الَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِلِقَاءِ الْآخِرَةِ وَأَتْرَفْنَاهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا مَا هَٰذَا إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ يَأْكُلُ مِمَّا تَأْكُلُونَ مِنْهُ وَيَشْرَبُ مِمَّا تَشْرَبُونَ
( 33 ) Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва дар ин дунёяшон айшу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, аз он чӣ мехӯред, мехӯрад ва аз он чӣ меошомед. меошомад.
وَلَئِنْ أَطَعْتُم بَشَرًا مِّثْلَكُمْ إِنَّكُمْ إِذًا لَّخَاسِرُونَ
( 34 ) Ва агар ба инсоне монанди худ итоъат кунед, зиён кардаед.
أَيَعِدُكُمْ أَنَّكُمْ إِذَا مِتُّمْ وَكُنتُمْ تُرَابًا وَعِظَامًا أَنَّكُم مُّخْرَجُونَ
( 35 ) Оё ба шумо ваъда медиҳад, ки чун мурдед ва хоку устухон шудед, шуморо аз гӯр берун меова- ранд?
هَيْهَاتَ هَيْهَاتَ لِمَا تُوعَدُونَ
( 36 ) Ин ваъдае, ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур!
إِنْ هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا نَحْنُ بِمَبْعُوثِينَ
( 37 ) Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо ҳеҷ нест, ба дунё меоему мемирем ва дигар бор зинда намеша- вем.
إِنْ هُوَ إِلَّا رَجُلٌ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا وَمَا نَحْنُ لَهُ بِمُؤْمِنِينَ
( 38 ) Ин мардест, ки ба худои якто дурӯғ мебофад ва мо ба ӯ имон намеоварем».
قَالَ رَبِّ انصُرْنِي بِمَا كَذَّبُونِ
( 39 ) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун ки маро ду- рӯғ мебароранд, ёриам кун!»
قَالَ عَمَّا قَلِيلٍ لَّيُصْبِحُنَّ نَادِمِينَ
( 40 ) Гуфт: «Ба ҳамин зуди аз карда пушаймон меша- ванд».
فَأَخَذَتْهُمُ الصَّيْحَةُ بِالْحَقِّ فَجَعَلْنَاهُمْ غُثَاءً ۚ فَبُعْدًا لِّلْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
( 41 ) Пас ба ҳақ садое сахт ононро фурӯ гирифт. Мо- нанди гиёҳ хушкашон кардем. Эй, насиби мардуми ситамкора дурӣ аз раҳмати Худо бод!
ثُمَّ أَنشَأْنَا مِن بَعْدِهِمْ قُرُونًا آخَرِينَ
( 42 ) Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.
مَا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَأْخِرُونَ
( 43 ) Ҳеҷ миллате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад,
ثُمَّ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا تَتْرَىٰ ۖ كُلَّ مَا جَاءَ أُمَّةً رَّسُولُهَا كَذَّبُوهُ ۚ فَأَتْبَعْنَا بَعْضَهُم بَعْضًا وَجَعَلْنَاهُمْ أَحَادِيثَ ۚ فَبُعْدًا لِّقَوْمٍ لَّا يُؤْمِنُونَ
( 44 ) Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристо- дем. Ҳар бор, ки паёмбаре бар миллате омад, дурӯғ бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ононро достонҳо кардем. Эй, насиби мардуме, ки имон намеоваравдд, дурӣ аз раҳмати Худо бод!
ثُمَّ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ وَأَخَاهُ هَارُونَ بِآيَاتِنَا وَسُلْطَانٍ مُّبِينٍ
( 45 ) Он гоҳ Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ ва далелҳои равшан фиристодем;
إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَاسْتَكْبَرُوا وَكَانُوا قَوْمًا عَالِينَ
( 46 ) назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Пас гар- данкашӣ кардаид, кн мардуме бартариҷӯй буданд
فَقَالُوا أَنُؤْمِنُ لِبَشَرَيْنِ مِثْلِنَا وَقَوْمُهُمَا لَنَا عَابِدُونَ
( 47 ) ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон бандагони мо буданд, имон биёварем?»
فَكَذَّبُوهُمَا فَكَانُوا مِنَ الْمُهْلَكِينَ
( 48 ) Онҳоро дурӯғ бароварданд ва худро ба ҳалокат афканданд.
وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ
( 49 ) Албатта Мо ба Мӯсо китоб додем, бошад, ки ҳи- доят ёбанд.
وَجَعَلْنَا ابْنَ مَرْيَمَ وَأُمَّهُ آيَةً وَآوَيْنَاهُمَا إِلَىٰ رَبْوَةٍ ذَاتِ قَرَارٍ وَمَعِينٍ
( 50 ) Ва писари Марям ва модарашро мӯъҷизае сохтем ва он дуро бар баланд ҷое, ки қароргоҳе ва оби равон дошт ҷой додем.
يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا ۖ إِنِّي بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ
( 51 ) Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву хуш бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳое, ки ме- кунед, огоҳам!
وَإِنَّ هَٰذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاتَّقُونِ
( 52 ) Албатта ин дини шумо динест ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед.
فَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُم بَيْنَهُمْ زُبُرًا ۖ كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ
( 53 ) Пас дини худро фирқа-фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буд, дилхуш буд.
فَذَرْهُمْ فِي غَمْرَتِهِمْ حَتَّىٰ حِينٍ
( 54 ) Ононро то чанде дар гумроҳияшон бигузор.
أَيَحْسَبُونَ أَنَّمَا نُمِدُّهُم بِهِ مِن مَّالٍ وَبَنِينَ
( 55 ) Оё мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки ба онҳо додем,
نُسَارِعُ لَهُمْ فِي الْخَيْرَاتِ ۚ بَل لَّا يَشْعُرُونَ
( 56 ) барои он аст, ки мекӯшем хайре ба онҳо бирасо- нем? На, онон дарнамеёбанд!
إِنَّ الَّذِينَ هُم مِّنْ خَشْيَةِ رَبِّهِم مُّشْفِقُونَ
( 57 ) Онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон ларзонанд
وَالَّذِينَ هُم بِآيَاتِ رَبِّهِمْ يُؤْمِنُونَ
( 58 ) ва онҳое, ки ба оёти Парвардигорашон имон ме- оваранд
وَالَّذِينَ هُم بِرَبِّهِمْ لَا يُشْرِكُونَ
( 59 ) ва онҳое, ки ба Парвардигорашон ширк намеова- ранд
وَالَّذِينَ يُؤْتُونَ مَا آتَوا وَّقُلُوبُهُمْ وَجِلَةٌ أَنَّهُمْ إِلَىٰ رَبِّهِمْ رَاجِعُونَ
( 60 ) ва онҳое, ки ҳамаи он чиро бояд адо кунанд, адо мекунанд ва боз ҳам дилҳояшон тарсон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд,
أُولَٰئِكَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ
( 61 ) инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд.
وَلَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۖ وَلَدَيْنَا كِتَابٌ يَنطِقُ بِالْحَقِّ ۚ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
( 62 ) Бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф на- мекунем. Ва назди Мо китобест, ки ба ҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ситаме намеравад.
بَلْ قُلُوبُهُمْ فِي غَمْرَةٍ مِّنْ هَٰذَا وَلَهُمْ أَعْمَالٌ مِّن دُونِ ذَٰلِكَ هُمْ لَهَا عَامِلُونَ
( 63 ) На! Дилҳояшон аз ин сухан дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳоро корҳоест ҷуз ин корҳо, ки мекунанд.
حَتَّىٰ إِذَا أَخَذْنَا مُتْرَفِيهِم بِالْعَذَابِ إِذَا هُمْ يَجْأَرُونَ
( 64 ) То он гоҳ ки сарватмандонашонро ба азоб ги- рифтор кунем ва нола сар диҳанд.
لَا تَجْأَرُوا الْيَوْمَ ۖ إِنَّكُم مِّنَّا لَا تُنصَرُونَ
( 65 ) Имрӯз нола сар мадиҳед, ки шуморо аз азоби Мо кас наҷот надиҳад!.
قَدْ كَانَتْ آيَاتِي تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَكُنتُمْ عَلَىٰ أَعْقَابِكُمْ تَنكِصُونَ
( 66 ) Оёти Ман! бароятюн хонда, мешуд ва шумо наме- пазируфтед ва пас-пас мерафтед.
مُسْتَكْبِرِينَ بِهِ سَامِرًا تَهْجُرُونَ
( 67 ) Бар он такаббур мекардед ва шабҳангом дар аф- сонасароӣ носазо мегуфтед.
أَفَلَمْ يَدَّبَّرُوا الْقَوْلَ أَمْ جَاءَهُم مَّا لَمْ يَأْتِ آبَاءَهُمُ الْأَوَّلِينَ
( 68 ) Оё дар ин сухан намеандешанд ё барои онҳо чи- зе нозил шуда, ки барои ниёгонашон нозил нашуда буд?
أَمْ لَمْ يَعْرِفُوا رَسُولَهُمْ فَهُمْ لَهُ مُنكِرُونَ
( 69 ) Ё он ки паёмбарашонро нашинохтаанд, ки инко- раш мекунанд?
أَمْ يَقُولُونَ بِهِ جِنَّةٌ ۚ بَلْ جَاءَهُم بِالْحَقِّ وَأَكْثَرُهُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ
( 70 ) Ё мегӯянд, ки девона аст? На, паёмбарашон ба дини ҳақ бар онҳо фиристода шуд, вале бештара- шон аз ҳақ бадбинӣ доранд.
وَلَوِ اتَّبَعَ الْحَقُّ أَهْوَاءَهُمْ لَفَسَدَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ وَمَن فِيهِنَّ ۚ بَلْ أَتَيْنَاهُم بِذِكْرِهِمْ فَهُمْ عَن ذِكْرِهِم مُّعْرِضُونَ
( 71 ) Агар ҳақ аз паи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳо- ву замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо пан; даш, он фиристодем ва онҳо аз пандашон рӯйгардон шуданд.
أَمْ تَسْأَلُهُمْ خَرْجًا فَخَرَاجُ رَبِّكَ خَيْرٌ ۖ وَهُوَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ
( 72 ) Ё ту аз онҳо музде металабӣ? Музди Парварди- горат беҳтар аст, ки Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!
وَإِنَّكَ لَتَدْعُوهُمْ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ
( 73 ) Албатта ту ба роҳи росташон даъват мекунӣ.
وَإِنَّ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ عَنِ الصِّرَاطِ لَنَاكِبُونَ
( 74 ) Ва касоне, ки ба охират имон надоранд, аз роҳи рост каҷраванд!
وَلَوْ رَحِمْنَاهُمْ وَكَشَفْنَا مَا بِهِم مِّن ضُرٍّ لَّلَجُّوا فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ
( 75 ) Агар бар онҳо раҳмат меоварем ва озореро, ки ба он гирифторанд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам хамчунон бо сарсахтӣ дар таҷовузи худ саргашта ме- монданд.
وَلَقَدْ أَخَذْنَاهُم بِالْعَذَابِ فَمَا اسْتَكَانُوا لِرَبِّهِمْ وَمَا يَتَضَرَّعُونَ
( 76 ) Ба азоб гирифторашон кардем на сар хам кар- данд ва на илтиҷо.
حَتَّىٰ إِذَا فَتَحْنَا عَلَيْهِم بَابًا ذَا عَذَابٍ شَدِيدٍ إِذَا هُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ
( 77 ) То он гоҳ ки даре аз азоби сахт ба рӯяшон ку- шодем, чунон ки аз ҳама ҷо ноумед гаштанд.
وَهُوَ الَّذِي أَنشَأَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۚ قَلِيلًا مَّا تَشْكُرُونَ
( 78 ) Ва ӯст он Худое, ки бароятон гӯшу чашму дил биёфарид. Чӣ андак шукр мегузоред!
وَهُوَ الَّذِي ذَرَأَكُمْ فِي الْأَرْضِ وَإِلَيْهِ تُحْشَرُونَ
( 79 ) Ӯст он Худое, ки шуморо дар рӯи замин халқ кард ва ҳама назди Ӯ ҷамъ оварда мешавед.
وَهُوَ الَّذِي يُحْيِي وَيُمِيتُ وَلَهُ اخْتِلَافُ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
( 80 ) Ва Ӯст он Худое, ки зинда мекунад ва мемиро- над ва омадушуди шабу рӯз аз Ӯст, Чаро ақл намекунед?
بَلْ قَالُوا مِثْلَ مَا قَالَ الْأَوَّلُونَ
( 81 ) На, онҳо низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пеши- ниён мегуфтанд.
قَالُوا أَإِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ
( 82 ) Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»
لَقَدْ وُعِدْنَا نَحْنُ وَآبَاؤُنَا هَٰذَا مِن قَبْلُ إِنْ هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ
( 83 ) Ба мо ва падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъ- даҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пе- шиниён нест!»
قُل لِّمَنِ الْأَرْضُ وَمَن فِيهَا إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
( 84 ) Бигӯ: «-Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»
سَيَقُولُونَ لِلَّهِ ۚ قُلْ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
( 85 ) Хоҳанд гуфт: «Аз они Худо». Бигӯ: «Оё панд на- мегиред?»
قُلْ مَن رَّبُّ السَّمَاوَاتِ السَّبْعِ وَرَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ
( 86 ) Бигӯ: «Кист Парвардигори ҳафт осмон ва Пар- вардигори арши бузург?».
سَيَقُولُونَ لِلَّهِ ۚ قُلْ أَفَلَا تَتَّقُونَ
( 87 ) Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Оё наметарсед?»
قُلْ مَن بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيْهِ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
( 88 ) Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист он, ки ба ҳама кас паноҳ диҳад ва касеро аз ӯ паноҳ нест?»
سَيَقُولُونَ لِلَّهِ ۚ قُلْ فَأَنَّىٰ تُسْحَرُونَ
( 89 ) Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Пас чаро фиреб ме- хӯред?»
بَلْ أَتَيْنَاهُم بِالْحَقِّ وَإِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ
( 90 ) На! Мо бар онҳо сухани рост фиристодем ва онҳо дурӯғ мегӯянд!
مَا اتَّخَذَ اللَّهُ مِن وَلَدٍ وَمَا كَانَ مَعَهُ مِنْ إِلَٰهٍ ۚ إِذًا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَٰهٍ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ
( 91 ) Худо ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ худое бо Ӯ нест. Агар чунин мебуд ҳар худое бо офаридагони худ ба як сӯ мекашид ва бар якдигар болотаршавиро меҷустанд. Худо аз он гуна, ки Ӯро васф мекунанд, пок аст.
عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ
( 92 ) Донои пинҳону ошкоро, аз ҳар чӣ шарики Ӯ ме- созанд, болотар аст.
قُل رَّبِّ إِمَّا تُرِيَنِّي مَا يُوعَدُونَ
( 93 ) Бигӯ: «Эй Парвардигори, ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода шуда, ба ман нишон медодӣ.
رَبِّ فَلَا تَجْعَلْنِي فِي الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
( 94 ) Пас, эй Парвардигори ман, маро дар зумраи си- тамкорон қарор мадеҳ».
وَإِنَّا عَلَىٰ أَن نُّرِيَكَ مَا نَعِدُهُمْ لَقَادِرُونَ
( 95 ) Ва Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, туро нишон диҳем, метавонем.
ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ السَّيِّئَةَ ۚ نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَصِفُونَ
( 96 ) Сухани бади онҳоро бар ҳар чӣ некӯтар меояд, ҷавоб деҳ. Мо ба сухани онҳо огоҳтар ҳастем.
وَقُل رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ
( 97 ) Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шай- тон ба ту паноҳ меоварам.
وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحْضُرُونِ
( 98 ) Ва ба Ту паноҳ меоварам, эй Парвардигори ман, агар назди ман ҳозир оянд!»
حَتَّىٰ إِذَا جَاءَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ رَبِّ ارْجِعُونِ
( 99 ) Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Пар- вардигори ман, маро бозгардон. (ба ҳаёт).
لَعَلِّي أَعْمَلُ صَالِحًا فِيمَا تَرَكْتُ ۚ كَلَّا ۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَائِلُهَا ۖ وَمِن وَرَائِهِم بَرْزَخٌ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ
( 100 ) Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъест, ки бозгашт натавонанд.
فَإِذَا نُفِخَ فِي الصُّورِ فَلَا أَنسَابَ بَيْنَهُمْ يَوْمَئِذٍ وَلَا يَتَسَاءَلُونَ
( 101 ) Чун дар сур дамида шавад, ҳеҷ хешованде миё- нашон намонад ва ҳеҷ аз холи якдигар напурсанд.
فَمَن ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
( 102 ) Онон, ки тарозуяшон сангин бошад, худ наҷотёф- тагонанд.
وَمَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَٰئِكَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ فِي جَهَنَّمَ خَالِدُونَ
( 103 ) Ва онон, ки тарозуяшон сабук бошад, ба худ зиён расокидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовид монда- гонанд.
تَلْفَحُ وُجُوهَهُمُ النَّارُ وَهُمْ فِيهَا كَالِحُونَ
( 104 ) Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд.
أَلَمْ تَكُنْ آيَاتِي تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَكُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
( 105 ) Оё оятҳои Ман бароятон хонда намешуд ва онҳо- ро дурӯғ меҳисобидед?
قَالُوا رَبَّنَا غَلَبَتْ عَلَيْنَا شِقْوَتُنَا وَكُنَّا قَوْمًا ضَالِّينَ
( 106 ) Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо ғалаба кард ва мо мардуме гумроҳ будем.
رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْهَا فَإِنْ عُدْنَا فَإِنَّا ظَالِمُونَ
( 107 ) Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар. Агар дигар бор чунон кардем, аз золимон бошем».
قَالَ اخْسَئُوا فِيهَا وَلَا تُكَلِّمُونِ
( 108 ) Гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед».
إِنَّهُ كَانَ فَرِيقٌ مِّنْ عِبَادِي يَقُولُونَ رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
( 109 ) Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро бибахшо ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоваран- дагонӣ».
فَاتَّخَذْتُمُوهُمْ سِخْرِيًّا حَتَّىٰ أَنسَوْكُمْ ذِكْرِي وَكُنتُم مِّنْهُمْ تَضْحَكُونَ
( 110 ) Ва шумо масхараашон мекардед то ёди Маро аз хотиратон рабуданд. Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.
إِنِّي جَزَيْتُهُمُ الْيَوْمَ بِمَا صَبَرُوا أَنَّهُمْ هُمُ الْفَائِزُونَ
( 111 ) Имрӯз онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, музд медиҳам. Онҳо ба муроди худ расидаанд,
قَالَ كَمْ لَبِثْتُمْ فِي الْأَرْضِ عَدَدَ سِنِينَ
( 112 ) Гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?»
قَالُوا لَبِثْنَا يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ فَاسْأَلِ الْعَادِّينَ
( 113 ) Гӯянд: «Як рӯз ё қиёмате аз як рӯз. Аз онҳо, ки мешумурданд, бипурс».
قَالَ إِن لَّبِثْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا ۖ لَّوْ أَنَّكُمْ كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
( 114 ) Гӯяд: «Агар огоҳӣ доштед, медонистед, ки ҷуз андаке назистаед.
أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ
( 115 ) Оё пин д оре д, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»
فَتَعَالَى اللَّهُ الْمَلِكُ الْحَقُّ ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْكَرِيمِ
( 116 ) Пас пок аст Худои якто — он фармонравои ростин. Ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест! Парвардигори арши бузургвор аст.
وَمَن يَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ لَا بُرْهَانَ لَهُ بِهِ فَإِنَّمَا حِسَابُهُ عِندَ رَبِّهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ
( 117 ) Он кас, ки ба ҷои Худои якто худои дигареро ме- хонад, ва ба ҳаққонияташ ҳеҷ бурҳоне надорад, ин аст, ки ҳисобаш назди Парвардигораш хо- ҳад буд. Ва кофирон наҷот намеёбанд.
وَقُل رَّبِّ اغْفِرْ وَارْحَمْ وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
( 118 ) Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бибахшову раҳ- мат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳас- тӣ!»